Низомхон Ҷӯраев аз Украина сардаровард
Сармоядор ва фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон, ки ба таври машкук аз ин кишвар ғайб зада буд, дар Украина пайдо шудааст.
Ба гузориши соияти “Ахбор”, Низомхон Ҷӯраев, ки дар соли 2014 пас аз додани шаҳодат алайҳи Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва муассиси ҳизби сабти ном нашудаи “Тоҷикистони нав”, ба таври машкук аз шаҳри Душанбе ғайб зада буд, ахиран дар Украина пайдо шуда ва дубора ғайб задааст.
Намояндаи расмии додситони кулли Украина гуфтааст, ки Низомхон Ҷӯраев рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Киев ба далели қарор доштан дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол боздошт шуда буд. Ба гуфтаи хонум Наталя Теличко рӯзи13 январи соли ҷорӣ, додгоҳи шаҳри Киев, Низомхон Ҷӯраевро боздошт кардааст ва дар ҳоли ҳозир дар куҷо қарор доштани вай, маълум нест. Ин намояндаи додситонии кулли Украина таъйид кардааст, ки пас аз боздошти Низомхон Ҷӯраев, мақомоти қазоии Тоҷикистон хостори истирдоди вай ба ин кишвар шудаанд. Ин фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон пас аз 2 солу 2 моҳ аз замони эъломи таҳти пайгарди қазоӣ қарор доштанаш, дар соли 2014 ба таври ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе пайдо шуд ва ба дархости кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар алайҳи Зайд Саидов шаҳодат дод ва мудаӣ шуд, ки вазири қаблии саноати ин кишвар ба зӯр Корхонаи аталасбофиро аз дасти вай, гирифтааст.
Дар он даврон кормандони ин ниҳод гуфта буданд, ки Низомхон Ҷӯраев ба шарти хориҷ нашудан аз Тоҷикистон дар манзиле дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, ки баъдан хабари ғайб задани вай мунташир шуд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми қатли Толиб Бобоев, муовини собиқи Додситони кулли Тоҷикистон дар соли 1999, гаравгонгирӣ, ихтилоси молӣ ва мусодираи марокизи талидӣ, парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.