Ваъдаҳои шаҳрдори Душанбе ба сокинон
Қарор аст, шаҳрдори Душанбе дар соли 2018 барои сокинон фурсатҳои ҷадиди ҷойҳои корӣ, эҷод кунад.
Ба гузориши “Спутник”, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукуматӣ ҳангоми гузориш аз як соли фаъолияти худ дар назди Эмомалӣ Раҳмон -раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи барномаҳояш барои соли 2018 низ сухан гуфт.
Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам шуд ва эҷоди 31 ҳазор ҷойҳои кории дигар низ барои сокинони пойтахт дар соли 2018, барномарезӣ шудааст.
Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар гузориши худ афзуд, бо ҳадафи сарфаҷӯии неруи барқ, ҳазору 600 хона ва иншоот дар шаҳри Душанбе ба системаи гармидиҳии пойтахт пайваст гардиданд.
Вай ҳамчунин гуфт, соли гузашта дар Душанбе 70 майдони варзишӣ бунёд гардид ва барои имсол низ корҳои эҷод ва сохти 12 боғу гулгашт ва 92 майдони варзишии дигар бо модернтарин васоили тамринӣ ва бо қобилияти баргузории мусобиқоти варзишӣ, дар ҳоли иҷро аст.
Ба гуфтаи вай, бунёди 15 муассисаи омӯзишӣ барои 12 ҳазор нафар низ барномарезӣ шудааст.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо ишора ба мушкили ҳамлу нақли шаҳрӣ таъкид кард, барои ҳалли ин мушкил ба зуддӣ 100 автобуси ҷадид ба Душанбе ворид карда мешавад.
Пештар дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар дода буд, ки ин ниҳод ба мутахассисони ҷавон ниёз дорад ва довталабон метавонанд бо ширкат дар озмуни шаҳрдорӣ, соҳиби кор шаванд.