“Тоҷиксодиротбонк” ба фурӯши ғайриқонунии саҳмияҳо муттаҳам шуд
(last modified Mon, 22 Jan 2018 16:36:03 GMT )
Январ 22, 2018 21:36 Asia/Dushanbe
  • “Тоҷиксодиротбонк” ба фурӯши ғайриқонунии саҳмияҳо муттаҳам шуд

Муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон эълом кард, “Тоҷиксодиротбонк” бидуни иҷозатномаи Бонки миллӣ иқдом ба фурӯши саҳмияҳои худ кардааст, ки муомилоти ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Ба нақл аз Азия-Плўю, Зафар Азимӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ба фурӯш гузоштани 64 миллион сомонӣ саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”, иқдоме ғайриқонунӣ аст .

Аз ин рӯ, бар асоси тасмими Палатаи ҳисоб, ин муомила фасх ва манобеи молии фурӯхташуда пас гирифта шудааст .

Муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, амалкарди Додгоҳи олӣ ва Вазорати адлия дар заминаи бозгардондани қарзҳо ва қарзҳои бонкҳо аз қарздорон низ қобили пазириш нест .

Маблағи ин мавқуфот дар соли 2016 наздик ба 580 миллион сомонӣ ва дар 9 моҳи соли 2017 ба 318 миллион сомонӣ расидааст .

Дар чанд маврид, қарздорони бонкӣ асноди бозпардохти қарзи худро ироя кардаанд, ки қалбакӣ буда ва манобеи молӣ бозпардохт нашудааст .