Январ 23, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Масоҷиди Тоҷикистон мулзам ба ироаи гузориши молӣ шуданд

Тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз 22 январи соли ҷорӣ мулзам ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ шуданд.

Ба нақл аз Топ Ти Ҷи, бар асоси ислоҳияи ворида ба қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар Тоҷикистон, масоҷидҳо муваззаф ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ шуданд .

Ин ислоҳия ба пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расид ва акнун масоҷид, калисоҳо ва соири марокизи мазҳабӣ дар кишвар бояд дар бораи манобеи молӣ, наҳваи ҷамъоварӣ ва ҳазина кардани кумакҳои мардумӣ ва пардохти андоз гузориш ироа кунанд .

Дар Тоҷикистон масоҷид, калисоҳои православӣ ва танҳо канисаи яҳудиён аз ҳисоби кумакҳои хайрияи мардумӣ фаъолият мекунанд .

Аз соли 2014 имом хатибони 265 масҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлат маоши дарёфт мекунанд .

Соли 1990 ва дар даврони Шӯравӣ бо пешниҳоди Идораи умури мусулмонони вақти Тоҷикистон ва мувофиқати парлумон, масоҷиди кишвар аз пардохти андоз маоф шуда буданд .

Соли 2012 ба дастури Кумитаи дини Тоҷикистон, имомони масоҷиди кишвар муваззаф шуданд, ки дар бораи теъдоди намозгузорон, мизони кумакҳои хайрияи мардумӣ ва даромади молии худ гузориш диҳанд .

Дар Тоҷикистон интисоби имомони масоҷид бо пешниҳоди Шӯрои уламо анҷом мешавад .