Январ 23, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва чанд ноҳия иваз шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, шаҳраки Восеъ ба Ҳулбук иваз карда шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ноҳияи Бохтар акнун ноҳияи Кӯшониён ном мегирад.

Ин қарори ҳукумат барои тасвиб ба Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон ирсол шудааст.

Ҳамчунин номи деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт тағйир кард.

Шаҳри Қӯрғонтеппа бо 100 ҳазор аҳолиаш дар даврони Шӯравӣ аз номивазкуниҳои идеологии он даврон эмин монда буд, вале шаҳри Сарбанду ноҳияи Бохтар бори аввал нест, ки табдили ном мекунанд.

Раванди табдили номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон аз поёни солҳои 80 ба ин тараф идома дорад. Дар марҳалаи аввали табдили номҳои минтақаҳо асосан номгузории идеологии бозмонда аз замони Шӯравӣ иваз шуд.