Мамнуъ шудани тафтиши марказҳои санъатӣ ва тавлидии Тоҷикистон барои ду сол
Раисҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мамнуияти таҳқиқу тафтиш аз марказҳои санъатии тавлидӣ дар ин кишварро барои ду сол имзо кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз имзои ин қонунро поён додан ба таҳқиқу тафтишҳои бедалел аз марказҳои санъативу тавлидӣ ва эҷоди фазои солим барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон эълом кардааст.
Бар асоси ин қонун, акнун ба муддати ду сол таҳқиқу тафтиши ниҳодҳои мухталиф ба ғайр аз Додситонии кул, Палатаи ҳисоб, Бонки Миллӣ, Кумитаи андоз ва Агентии давлатии мубориза бо фасоди молӣ аз марказҳои санъативу тавлидӣ мамнуъ мешавад.
То кунун илова бар ниҳодҳои ёдшуда, созмонҳои оташнишонӣ, стандарт, ҳифзи муҳити зист, созмони дору ва ғизо ва дар маҷмуъ 79 идора аз ҳаққи таҳқиқу тафтиш аз марокизи санъативу тавлидӣ ва фурӯшгоҳҳои мутааллиқ ба бахши хусусӣ бархурдор буданд, ки муҷиби эътирози дастандаркорони ин бахш шуда буд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар бархе маворид ин таҳқиқу тафтишҳо муҷиби фишор бар бахши хусусӣ ва порагириву ришвахории маъмурон аз моликони фурӯшгоҳҳову тоҷирон мешуд.
Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон бо интиқод аз ин авзоъ, дар паёми солонаи хеш ба Парлумони Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017, хостори эъломи мамнуияти дусолаи таҳқиқу тафаҳҳус аз марокизи санъативу тавлидӣ дар ин кишвар шуда буд.