Январ 24, 2018 10:53 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи имомони масҷидҳои вилояти Суғд алайҳи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ

Имомони масоҷиди вилояти Суғди Тоҷикистон дар баёнияе бо маҳкум кардани фаъолияти Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар, хостори боздошти намояндагони ин гурӯҳ ва таҳвили ин афрод ба мақомоти қазоии кишвар шудаанд.

Ба гузориши сайти Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон, ин баёния дар нишасти имомони масҷидҳои вилояти Суғд тасвиб шудааст.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст аз кишварҳои хориҷӣ, ки намояндагони Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар онҳо ҳузур доранд даъват кардаанд, бо ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин афрод, ононро ба мақомоти қазоии кишварашон таҳвил диҳанд.

Аз дидгоҳи имомони масоҷиди вилояти Суғд, намояндагони Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо сӯиистифода аз номи дин, фаъолиятҳои мухарриби таблиғотӣ анҷом медиҳанд, ки ба зиёни мардуму кишвари Тоҷикистон аст.

Онон таъкид кардаанд, дини Ислом ба ҳизб ниёзе надорад ва фаъолиятҳои таблиғотии намояндагони Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, хиёнат ба ватан маҳсуб мешавад.

 Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон як тарафи Созишномаи барқарории сулҳ дар ин кишвар аст, ки муҷиби поён додан ба ҷанги дохилии хунини ин кишвар тайи солҳои 1992 то 1997 шуд.

Ин ҳизб дар соли 1999 муҷаввизи дубораи фаъолият дар Тоҷикистонро дарёфт кард ва дар се давр аз интихоботи порлумонии ин ҷумҳурӣ муваффақ ба фиристодани ду намоянда ба маҷлиси қонунгузорӣ шуд.

Аммо дар моҳи марти соли 2015 муваффақ ба убур аз ҳадди панҷ дарсадӣ барои вуруди намояндагони хеш ба Парлумони Тоҷикистон нашуд ва дар моҳи сентябри он соли муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои ин кишвар шуд.

Бо мамнуияти фаъолияти ин гурӯҳи исломӣ даҳҳо нафар аз масъулони он боздошт ва ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.