Январ 24, 2018 22:10 Asia/Dushanbe
  • Панҷшанбе дар Тоҷикистон: Давоздаҳумин Нишасти мақомоти аршади Осиёи Марказӣ+Ҷопон

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, давоздаҳумини Нишасти мақомоти аршади кишварҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон аз 25 то 27 январ дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба нақл аз Форс, ҳайъатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистону Ҷопон барои ширкат дар ин нишаст фардо вориди Тоҷикистон мешаванд .

Иҷлоси сарони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯи сиёсии кишварҳои ин ҳавза, тавсеаи муносиботи минтақаӣ, ҳимоят аз тиҷорат, густариши равобити фарҳангӣ ва табодулоти инсонӣ бо ибтикори Ҷопон баргузор мешавад .

Ёздаҳумин Нишасти мақомоти аршади Осиёи Марказӣ+Ҷопон 25 марти соли 2016 дар Токио баргузор шуд .

Охирин дидори вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон дар майи 2017 дар Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, ки дар он раёсати давраӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон вогузор шуд .