Январ 25, 2018 09:50 Asia/Dushanbe
  • 15 сол зиндон барои як узви аршади Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон

Додгоҳи вилояти Хатлон як узви собиқи Шӯрои сиёсӣ ва дастёри пешини раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври ғоибона ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, додгоҳ ин ҳукмро барои Шамсиддин Саидов ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ин кишвар созмони террористӣ эълом шудааст, содир кардааст.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, яке аз кормандони масъули додгоҳи вилояти Хатлон ба хабарнигорон гуфтааст, иттиҳомоти Шамсиддин Саидов бар асоси шаҳодати 9 нафар аз сокинони вилояти Хатлон исбот шудааст.

Ба гуфтаи вай, ин ҳукм ба иллати ҳузури вай дар хориҷ аз кишвар, ғоибона содир шудааст.

Ин мақоми додгоҳи вилояти Хатлон таъкид кардааст, аксҳои Шамсиддин Саидов дар чанд нишасти мақомоти Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ кишвар, дар канори Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб низ ба парвандаи ҷиноии вай замима шудааст.

 Вай, ки 53 сол дорад, то соли 2010 масъули равобити хориҷии Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва чанд солест, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад.

Шамсиддин Саидов дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ба унвони намояндаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик, узви гурӯҳи назорат бар Созишномаи оташбас ва пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 дар симмати узви Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кардааст.