Январ 25, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  •  Мардуми Тоҷикистон мазҳабитарин шаҳрвандон дар Осиёи Марказӣ

Бар асоси таҳқиқе, ки муассисаи байналмилалии “WIN/Gallup International” дар бораи пойбандии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дини Ислом анҷом додааст, шаҳрвандони Тоҷикистон бо 85 дарсад эътиқодмандӣ, дар мақоми нахуст қарор гирифтаанд.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин назарсанҷӣ 85 дарсад аз шаҳрвандони Тоҷикистон худро муътақид ба дини Ислом муаррифӣ кардаанд, ки болотарин мизони пойбандии мазҳабӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Мардуми Туркманистон бо 80 дарсад мизони пойбандӣ ба дини Ислом, дар мақоми дувум қарор гирифтаанд.

Бар асоси ин таҳқиқ мардуми Қирғизистон бо 72 дарсад пойбандӣ ба дини Ислом, дар радифи савумӣ ва мардуми Қазоқистон ҳам бо 64 дарсад дар ҷойгоҳи чаҳорум истодаанд.

Дар Ӯзбакистон, ки бузургтарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ аз назари теъдоди ҷамъият аст, 32 миллион нафар ё  51 дарсад худро пойбанд ба дини Ислом эълом кардаанд.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, назарсанҷӣ дар бораи мизони пойбандии мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дини Ислом тайи солҳои 2008, 2009 ва 2015 анҷом шудааст.