Январ 25, 2018 11:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар бораи сафар ба Русия аз масири Қазоқистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ дар бораи паёмадҳои сафар ба Русия аз роҳҳои заминии Қазоқистон ҳушдор додааст.

Ба гузориши сайти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин баёния бо ишора ба сардии бесобиқа ва яхбандон дар роҳҳои Қазоқистон, аз атбои ин кишвар, ки барои кор ба Русия сафар мекунанд, хоста шуда, ки то беҳбуди вазъи ҳаво аз ин сафар худдорӣ кунанд.

Шаби 22-юми январи соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар вилояти Оқмолаи Қазоқистон, 57 коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ ба иллати харобии автобус дар ҳавои манфии (минус) 45 дараҷа, дар миёни роҳ монданд, ки Кумитаи мавқеиятҳои изтирории Қазоқистон дар вилояти Оқмола ин афродро дар мадрасае дар шаҳри Макинск ҷо дод.

 Ба иллати ҳамин сармои ҳаво дар вилояти Оқмолаи Қазоқистон, мақомоти ин минтақа тараддуди худравҳои дизелиро дар роҳҳо мамнуъ кардаанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз давлати Қазоқистон ба хотири наҷоти шаҳрвандони гирифторшудаи ин кишвар дар қаламрави вилояти Оқмола қадрдонӣ ва ташаккур кард.

Ҳамчунин бо талоши кормандони Кумитаи мавқеиятҳои изтирории Қазоқистон, даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Ӯзбакистон низ, ки ба иллати харобии автобусҳояшон дар роҳҳои сарди ин минтақа гирифтор шуда буданд, наҷот ёфтанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асари оташсӯзии як дастгоҳ автобус дар субҳи рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, 52 шаҳрванди Ӯзбакистон ҷон бохтанд.