Таъкиди Тоҷикистон ва лигаи кишварҳои арабӣ бар густариши ҳамкории иқтисодӣ
Раиси Утоқи бозаргонӣ (Палатаи савдо)-и Тоҷикистон ва дабири кулли Шӯрои иқтисодии кишварҳои арабии Иттиҳодияи Араб бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд.
Ба гузориши маркази матбуоти Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, Шариф Саид бо Муҳаммад Муҳаммад Ар-Рабиа ва ҳайати ҳамроҳаш, ки аз Қоҳира ба Душанбе сафар кардаанд, дидор ва гуфтугӯ карданд ва мавзӯи сармоягузорӣ ва пайдо кардани шарикон барои ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ду тараф бо таъкид бар тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисодии Тоҷикистон, мушорикати бахши хусусии кишварҳои арабӣ дар таъмини молӣ ва мушорикат дар иҷрои тарҳҳои барқӣ - обии Тоҷикистонро хостор шуданд.
Ҳамчунин дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳо дар иҷрои проектҳо дар заминаҳои ҳамлу нақл, санъат, кишоварзӣ, иртиботот, бонкдорӣ, омӯзиш ва парвариш, беҳдошт ва гардишгарӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон зимни ироаи иттилооте ба меҳмонон дар мавриди проектҳо ва барномаҳои иқтисодӣ, фазои муносиби сармоягузорӣ ва ҷозибаҳои туристии кишвараш афзуд, қавонини ҷумҳурии Тоҷикистон як чорчӯби қонунии бо эътимод ва амн барои ҷазби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва фаъолиятҳои тиҷорӣ барои сармоягузоронро фароҳам кардааст.
Муҳаммад Муҳаммад Ар-Рабиа ва ҳайати ҳамроҳаш дар ин дидор бо қадрдонӣ аз истиқболи гарми ҷониби Тоҷикистон, алоқа ва омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо бо бахши хусусии ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.