Норушанӣ дар бораи далели худкушии мансабдори тоҷик
(last modified Thu, 25 Jan 2018 12:08:15 GMT )
Январ 25, 2018 17:08 Asia/Dushanbe
  • Норушанӣ дар бораи далели худкушии мансабдори тоҷик

Масъулони Тоҷикистон дар бораи худкушии яке аз мансабдорони ин кишвар, изҳори назар накардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Гулназар Чоршанбеев, мудири яке аз бахшҳои корхонаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” будааст, ки рӯзи 21 январ худро бадор овехт ва ҷон бохт.

Вай, ки сокини шаҳри Норак буд, пеш аз марги ҳудуди якмоҳ аз ҳузур дар маҳалли кораш худдорӣ карда ва ҳамеша дар хонааш будааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, Чоршанбеев қабл аз хонашин шудан, бар сари масъалаи пардохти ҳуқуқи зердастонаш бо мудирони болодаст, даъво карда буд.

Ин бори нахуст нест, ки мансабдорони тоҷик даст ба худкушӣ мезананд.

Пурсару садотарини ин гуна ҳаводиси худкушӣ, марбут ба Муҳаммадназар Солеҳов, вазири пешини дохилаи Тоҷикистон буд, ки шоми 17 июни соли 2009 рух дод.