Ихроҷи наздик ба 1000 коргари муҳоҷири тоҷик аз як минтақаи Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29065-Ихроҷи_наздик_ба_1000_коргари_муҳоҷири_тоҷик_аз_як_минтақаи_Русия
Манобеи додгоҳӣ дар минтақаи Ханти - Мансийск дар Сибири Русия эълом карданд, ниме аз 2 ҳазору 20 коргари муҳоҷири ихроҷии хориҷӣ дар соли 2017-ро атбои Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 27, 2018 06:35 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи наздик ба 1000 коргари муҳоҷири тоҷик аз як минтақаи Русия

Манобеи додгоҳӣ дар минтақаи Ханти - Мансийск дар Сибири Русия эълом карданд, ниме аз 2 ҳазору 20 коргари муҳоҷири ихроҷии хориҷӣ дар соли 2017-ро атбои Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Ба гузориши “Спутник”, бештарин теъдоди коргари муҳоҷири ихроҷии хориҷӣ дар соли 2017 аз минтақаи Ханти - Мансийск, тоҷикон бо рақами 990 нафар будаанд, ки 375 ӯзбак ва 259 қирғиз низ шомили ин феҳрист мешаванд.

Ин манобеъ иллати ихроҷи ин теъдоди шаҳрвандони 3 кишвари Осиёи Марказиро нақзи қонуни иқомат дар Русия унвон кардаанд.

Атбои хориҷии ҷӯёи кор муваззаф ҳастанд, пас аз вуруд ба Русия бо поёни муддати 90 рӯзи ҳузури худ дар ин кишвар дар сурати пайдо накардани ҷойи кору дарёфти қонунии иқомат, довталабона аз қаламрави ин кишвар хориҷ шаванд. Аммо дар мавориде ин афрод муқаррароти ҳузур дар қаламрави Русияро нақз кардаанд, ки полис бо мушоҳидаи онон ба боздошт ва ихроҷашон иқдом кардааст.

Мақомоти додгоҳӣ дар минтақаи Ханти - Мансийск гуфтаанд, ки танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 76 коргари муҳоҷири ғайриқонунии хориҷиро ихроҷ кардаанд ва 150 нафари дигар аз ин афрод дар боздошти муваққат ҳастанд, ки бояд ихроҷ шаванд.

Мақомоти Вазорати дохилаи Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави ин кишварро наздик ба 1 миллион нафар эълом кардаанд.