Январ 27, 2018 11:05 Asia/Dushanbe
  • Дархости волидайни ҷавони тоҷики узви ДИИШ барои бозгардондани вай аз Афғонистон

Додситони шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон гуфт, волидайни як ҷавони 18 солаи сокини ин вилоят дархост кардаанд, фарзандашон, ки дар урдугоҳи омӯзишии гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон аст, бозгардонда шавад.

Ба гузориши сайти “СА – Нюз”, ба гуфтаи Хушвақт Машрабзода, ин ҷавон ба исми Шодиҷон Боев, ки аз соли 2016 дар Русия фаъолият мекард, ба Туркия ва аз ин кишвар низ ба Афғонистон рафтааст.

Фирӯза Муҳаммадраҳимова, модари Шодиҷон Боев гуфтааст, писараш то ноябри соли 2017 дар яке аз ресторанҳои шаҳри Маскав кор мекард ва қарор буд пас аз дарёфти маош ба Тоҷикистон бозгардад.

Вай идома дод, мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ бо пора кардани гузарномаи тоҷикии Шодиҷон, вайро бо шиносномаи ҷаълӣ ба Афғонистон мунтақил кардаанд.

Ба гуфтаи вай, писараш тайи тамоси кӯтоҳи телефонӣ аз вилояти Нангарҳори Афғонистон, хабари ҳузури иҷбории худ дар як урдугоҳи омӯзишии гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба онҳо додааст.

Модари ин ҷавони тоҷик гуфт, вай таъкид карда аз ин кор пушаймон аст ва намедонад чӣ гуна аз ин урдугоҳ фирор кунад.

Аз ин рӯ, волидайни вай аз мақомоти қазоии Тоҷикистон дархост кардаанд, барои бозгардонидани Шодиҷон Боев аз Афғонистон ба онҳо кумак кунанд.

Хушвақт Машрабзода, додситони шаҳри Кӯлоб таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир алайҳи ин ҷавони 18 сола ба иттиҳоми узв шудан дар гурӯҳи террористӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст ва дар сурати бозгашти вай ба Тоҷикистон ва исботи муқассир набуданаш метавонад мавриди афв қарор гирад.