Мамнуияти воридоти васоили нақлиёти қадимӣ ба Тоҷикистон
(last modified 2018-01-27T07:57:00+00:00 )
Январ 27, 2018 12:57 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти воридоти васоили нақлиёти қадимӣ ба Тоҷикистон

Воридоти васоили нақлиёти тавлидшуда то соли 2005 ба Тоҷикистон мамнуъ хоҳад шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, ки мавзуи мамнуияти воридоти васоили нақлиёти тавлидшудаи қабл аз соли 2005 ба кишварро баррасӣ кунанд.

 Муовини Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, раисҷумҳурии Тоҷикистон нигарони осебҳои зистмуҳитии бузург ва трофик (тамба) дар шаҳрҳо ва дар ҷоддаҳои кишвар дар пайи истифода аз автомобилҳои қадимӣ аст.

Вай изофа кард, дар ҳоли ҳозир мавзуи мамнуияти воридоти васоили нақлиёти қадимӣ тавассути бахшҳои марбута мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Раиси бахши назорат ва ҳифозат аз ҳавои Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистон ҳам ба хабарнигорон гуфт, воридоти худравҳое, ки қабл аз соли 2005 тавлид шудаанд, ба Тоҷикистон манъ мешавад.

Ба гуфтаи Саидусмон Судуров, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ташкили як коргарӯҳи вижа пешнависи тарҳи мамнуияти воридоти васоили нақлиёти қадимӣ ба кишварро танзим ва ба давлати Тоҷикистон ироа кард.

Ба гуфтаи вай, агар ин проект аз ҷониби давлат таъйид шавад, мамнуияти воридоти худравҳои тавлидии қабл аз соли 2005 аз аввали апрели соли ҷорӣ мамнуъ хоҳад шуд.

Вай бо таъкид бар ин ки автомобилҳои қадимӣ ҳаворо ба вижа дар шаҳрҳои бузург олуда мекунанд, хотирнишон кард, барномаи воридоти васоили нақлиёти қадимӣ ба Тоҷикистон ба хотири мулоҳизоти эминии зистмуҳитӣ рӯйи даст гирифта шудааст.