Январ 27, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандии Ӯзбакистон ба коргардони машҳури тоҷик эъто шуд

Бақо Содиқ, коргардони тоҷики сокини Ӯзбакистон бо фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон соҳиби шаҳрвандӣ ва шиносномаи Ӯзбакистон шуд.

Ба гузориши “Спутник”, ин коргардони машҳури тоҷик аз соли 1997 дар Ӯзбакистон ба сар мебарад, аммо ҳамчун фарди бидуни тобеият зиндагӣ мекард.

Муҳиддин Маҳмудов, нависанда ва дӯсти наздики ин коргардон бо эъломи ин хабар афзуд, Бақо Содиқ то соли 1997 дар Душанбе ва аз соли 1997 то кунун дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, аммо то имрӯз бидуни тобеият будааст.

Шаҳрвандии Бақо Содиқро рӯзи гузашта (ҷумъа) тайи маросими бошукӯҳе дар Тошканд ба вай эъто карданд.

Бақо Содиқ 13-уми июни соли 1941 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст.

Вай донишомӯхтаи Донишкадаи ҳунарпешагии Тошканд аст ва чанд филми муштарак бо филмсозони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳоро коргардонӣ кардааст.

 Авохири соли 2017 Муҳиддин Маҳмудов дар шаҳри Санкт-Петербург китоби худро ба номи “Филми Бақо Содиқ” рӯнамоӣ кард.