Январ 27, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи сохтори низомии Тоҷикистон ба таҷҳизоти ҷопонӣ

Ҷопон омодагии худро барои таҷҳизи сохтори низомии Тоҷикистон, ба таҷҳизоти ҷопонӣ эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин омодагӣ дар дидори Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Тошиҳиро Аикӣ, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Ҷопон дар Осиёи Марказӣ эълом шуд.

Дар ин дидор дар шаҳри Душанбе, тарафайн илова бар тавофуқ дар бораи таҷҳизи сохтори низомии Тоҷикистон бо ҳамкории Ҷопон, дар бораи роҳҳои густариши муносиботи ду кишвар ҳам табодули назар карданд.

Муовинони вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои ширкат дар 12-умин нишасти мақомоти аршади Осиёи Марказӣ ва Ҷопон (25 то 27 январ) дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон басар мебаранд.