Мамнуияти воридоти маҳсулоти ғайри ҳалол ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29133-Мамнуияти_воридоти_маҳсулоти_ғайри_ҳалол_ба_Тоҷикистон
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯштии ғайри ҳалолро ба кишвар мамнуъ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 28, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти воридоти маҳсулоти ғайри ҳалол ба Тоҷикистон

Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯштии ғайри ҳалолро ба кишвар мамнуъ мекунад.

Хадамоти назорати давлатии бойтории Тоҷикистон ба тамоми таъминкунандагони маҳсулоти гӯштии кишвар дастур додааст, аз воридоти маҳсулоти гӯшти бидуни тамғаи “Ҳалол”, худдорӣ кунанд.

Тоҷибек Норов, муовини Хадамоти назорати давлатии бойтории Тоҷикистон гуфтааст, аз ин ба баъд таъминкунандагони маҳсулоти гӯштии хориҷӣ, танҳо дар сурати доштани муҷаввизи расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон метавонанд, колоҳои худро вориди Тоҷикистон кунанд.

Норов тасреҳ кард, бештари ҷамъияти Тоҷикистон мусулмон ҳастанд ва танҳо аз гӯшт ва маҳсулоти гӯштие истифода мекунанд, ки забҳи исломӣ шуда бошад.

Ӯ афзуд, барои судури муҷаввизи воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистон, мутахассисини мо ибтидо бояд, мароҳили тавлидро дар ширкатҳои хориҷӣ бубинанд ва илова бар ин, маҳсулоти воридотӣ бояд дорои тамғаи “Ҳалол” бошанд.

Маҳсулоти гӯштӣ дар бозори Тоҷикистон, ба таври умда аз Ҳинд, Русия ва бахши андаке аз он, аз Туркия ва Қазоқистон ворид мешавад.

Дар мағозаҳои гӯшти Тоҷикистон танҳо гӯшти доме, ки бар асоси қавонини ислом тавассути сокинони маҳаллӣ кушта шуда, ба фурӯш мерасад ва гӯшти воридотӣ, маъмулан дар супермаркетҳо фурӯхта мешавад.

Тоҷикистон аз соли 2013 стандарти “Ҳалол”-ро ҷорӣ кард ва танҳо пас аз баррасии дақиқи идораи “Тоҷикстандарт”, барои тавлидкунандагони маҳсулоти гӯштӣ содир мешавад.

Маҳсулоти ҳалол маҳсулоте ҳастанд, ки шомили спиртӣ, гӯшт ва ё чарбии хук нестанд ва куштори ҳайвон тибқи муқаррароти дини Ислом анҷом мешавад.

Эътиқод бар ин аст, ки гӯшти ҳайвоноте, ки бар асоси қавонини ислом кушта шудаанд, натанҳо хушмаза, балки барои саломати инсон низ муфид аст.