Январ 29, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия шитоб намекунад

Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия, шитоб намекунад.

Ба гузориши “Спутник”, Азим Турсунзода гуфтааст, ки барои вуруд ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия(Авруосиё) бояд чандин мавзӯи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирад, ки ношӣ аз таҷрибаи кишварҳои узви ин маҷмаи ҳамгароии минтақаӣ аст.

Вай бо ишора ба баррасии ин мавзӯъ дар идораҳои  марбутаи ҳукумати Тоҷикистон таъкид кардааст, ки аз соли 2014 омӯзиши паёмадҳои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия бо дар назар гирифтани таҷрибаи дигар кишварҳои узви ин ниҳод идома дорад.

Аз дидгоҳи Турсунзода мавзӯи умда дар баҳси пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия, арзаи маҳсулоти ин кишвар ба бозори муштараки ин иттиҳодия аст, зеро маҳсулоти Тоҷикистон бояд мутобиқ бо меъёрҳо ва стандарти кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия бошад, ки дар ин замина тардидҳои фаровоне вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба заъфи қудрати рақобати маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия, гуфт, ин вазъ зиёнҳои молии фаровонеро барои ин ҷумҳурӣ, дар пай хоҳад дошт.

Турсунзода ҳамчунин таъкид кард, қимати тамом шудаи нуриҳои минералӣ, сӯхт ва мошин олоти кишоварзӣ, ки аз дигар ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба таври қатъ рӯй нархи тамом шудаи маҳсулоти ин кишвар таъсир хоҳад гузошт.

Дар ҳоли ҳозир Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Евразия ҳастанд.