Маҳкумияти зиндон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ансоруллоҳ
Додгоҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди шимоли Тоҷикистон як сокини 27 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз Азия-Плюс, бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Исфара, иттиҳоми узвияти Ҷамолиддин Низомиддинов дар Ансоруллоҳ собит шудааст ва вай бояд 5 солро дар зиндони дорои низомаш шадид сипарӣ кунад .
Ҷамолиддин Низомиддинов соли 2011 ҳангоме, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, ба даъвати ду мубаллиғи Ансоруллоҳ ба номҳои Шавкат Олимов ва Эҳсон Бобоев барои пайвастан ба ин созмони ифротӣ посухи мусбат дода ва то замони боздошт дар 28 августи 2017 ба унвони узви ин созмони террористӣ фаъолият мекардааст .
Вай ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон тобистони 2017 боздошт шуд .
Фаъолияти Ансоруллоҳ бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз рӯзи 3 майи соли 2012 дар қаламрави кишвар мамнуъ мебошад .