Январ 30, 2018 11:37 Asia/Dushanbe
  • Поёни таҳқиқи парвандаи ҷиноии раҳбари Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик дар моҳи феврал

Мақомоти додситонии вилояти Суғд аз поёни таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Хайрулло Мирсаидов, раҳбари Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик (КВН) ва хабарнигори собиқи Азия-Плюс ва радиои Садои Олмон хабар доданд.

Ба нақл аз Фарғона, Гулчеҳра Ғоибназарова, дастёри аршади додситони вилояти Суғд гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари КВН ба марҳалаи ниҳоӣ расида ва таи чанд рӯзи оянда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд .

Парвандаи Хайрулло Мирсаидов, ки ба иттиҳоми ихтилоси молӣ, ҷаъли аснод ва барангехтани танаффури миллӣ ва мазҳабӣ боздошт шудааст, фоқиди муҳри сиррист ва муҳокимаи вай дар додгоҳ аланӣ хоҳад буд .

Боздошти вай замоне оғоз шуд, ки Хайрулло Мирсаидов алайҳи Олим Зоҳидзода, мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағ ҷудошуда барои КВН ва талаби ришва унвон шуд. Ин дар ҳолест, ки Хайрулло Мирсаидов ин иттиҳомотро беасос медонад .

КВН муташаккил аз теъдоде ҷавон аст, ки дар солҳои гузашта дар мусобиқоти саросарӣ дар ҳавзаи кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд мақом овардаанд. Муҳтавои ин мусобиқот бештар пурсиш дар заминаи торих, адабиёт, улуми таҷрубӣ ва фарҳанг аст, ки бояд афрод бо доштани ҳофизаи қавӣ дар тӯли чанд сония ба онҳо посух диҳанд .