Январ 31, 2018 13:43 Asia/Dushanbe
  • Таътилии шуморе аз масҷидҳо дар шимоли Тоҷикистон

Теъдоде аз масҷидҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон таътил шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ин масҷидҳо ба иддаои масъулон хориҷ аз чаҳорчӯби қонунҳои ҷории Тоҷикистон фаъолият мекарданд.

Зариф Вализода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, масҷидҳои таътилшуда бо мувофиқати сокинони маҳаллӣ ба марокизе ҳамчун омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, фурӯш ва монанди ин тағйири корбарӣ хоҳанд дод.

Вай дар айни ҳол эълом кард, дар ҳоли ҳозир 136 масҷид дар маҳдудаи ин ноҳия фаъол аст.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров танҳо минтақае дар шимоли Тоҷикистон нест, ки бархе масҷидҳои он таътил шудаанд. Пеш аз ин дар рӯзи 24-уми январи имсол раиси шаҳри Исфара аз таътилии 46 масҷиди ин ноҳия хабар дода буд.

 Дилшод Расулзода иллати ин амрро пойбанд набудани масоҷиди ёдшуда ба муқаррароти қонунӣ ва беҳдоштӣ унвон карда буд.