Феврал 01, 2018 10:26 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи раиси ширкати муҷрии сохти нерӯгоҳи “Роғун” ба Раҳмон

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо мудири ширкати итолиёии “Salini Impregilo S . p . A”, муҷрии сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Душанбе, раванди омодагӣ ба баҳрабардорӣ аз турбини нахусти ин нерӯгоҳро дар соли ҷорӣ баррасӣ кард.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 бар асоси муноқисаи байналмилалӣ такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун”-ро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S . p . A” вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки имсол турбини нахусти нерӯгоҳи “Роғун”-ро баҳрабардорӣ кунад.

Петро Солини, раиси ин ширкат дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон ваъда додааст, ки 16 ноябри имсол нахустин  турбини нерӯгоҳи “Роғун” тавлиди барқро оғоз хоҳад кард.

Пештар давлати Тоҷикистон эълом карда буд, имсол барои идомаи сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” панҷ миллиард сомонӣ (наздик ба 560 миллион доллар) ихтисос дода шудааст, дар ҳоле ки дар соли 2017 чаҳор миллиард сомонӣ ҳазина шуда буд.

Ҳамчунин Бонки Миллии Тоҷикистон эълом карда буд, 500 миллион доллар аз саҳми молии нерӯгоҳи обии “Роғун”-ро дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш рисондааст, ки бо суди солонаи ҳафт дарсад қобили бозпардохт аст ва барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ истифода мешавад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва шаш турбин бо зарфияти тавлидии 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ- обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.