Истиқболи мақомоти аршади тоҷик аз раисиҷумҳури Қирғизистон дар Душанбе
(last modified Thu, 01 Feb 2018 11:29:37 GMT )
Феврал 01, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи мақомоти аршади тоҷик аз раисиҷумҳури Қирғизистон дар Душанбе

Раисиҷумҳури Қирғизистон вориди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Сооронбой Ҷеенбеков ва ҳайати ҳамроҳи ӯро дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон,  Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва дигар аъзои давлати ин кишвар мавриди истиқбол қарор доданд.

Қарор аст, Ҷеенбеков тайи сафари дурӯзаи худ бо раисҷумҳур, нахуствазир ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунад.

Баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва аз ҷумла тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, тақсим ва аломатгузорӣ марзи муштарак ва ҳамчунин мавзӯи субот ва амнияти минтақаӣ, аз муҳиммтарин меҳварҳои музокироти раисиҷумҳури Қирғизистон бо мақомоти олии тоҷик, унвон шудааст.

Ин нахустин сафари расмии Сооронбой Ҷеенбеков дар мақоми раисиҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон аст.

Вай пештар дар мақоми нахуствазири Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Миёна ҳастанд, ки аз иштирокоти фаровони марзӣ ва фарҳангӣ бархӯрдоранд.

Дар айни ҳол ин ду кишвар, тайи солҳои ахир бо мушкилоти даргир буданд, ки дар мавориде ҳатто мӯҷиби бурузи даргириҳои марзӣ миёни ду тараф шуд ва мутаассифона талафоти ҷонӣ низ дарбар дошт.

Интизор меравад дар сафари раисиҷумҳури Қирғизистон ба Душанбе, ду тараф битавонанд ба масоил ва ихтилофоти барҷой монда аз даврони Шӯравии собиқ поён диҳанд.