Феврал 01, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони намоишгоҳи маҳсулоти Беларус

Дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Минск, аз баргузории намоишгоҳи маҳсулоти Беларус дар шаҳри Душанбе, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, масоили марбут ба баргузории ин намоишгоҳ дар соли ҷории милодӣ, зимни дидори Муҳаммадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон дар Минск ва Владимир Андречинко, раиси утоқи намояндагони Шӯрои миллии Беларус мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳақдод дар поёни ин дидор дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, бо ишора ба тамоюли зиёди ду кишвар барои афзоиши таомулоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ, афзуд, ба ин манзур имсол қарор аст дар Тоҷикистон, намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои беларусӣ баргузор шавад.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, имсол ҳамчунин баргузории рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.

Тарафайн дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба баргузории 12-умин комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.