Феврал 02, 2018 18:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Қирғизистон бо раиси Маҷлиси намояндагон ва нахуствазири Тоҷикистон

Соронбой Ҷеенбеков- раисҷумҳури Қирғизистон, ки ба Душанбе сафар кардааст, имрӯз бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ва Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Ховар, дар ин дидорҳо раисҷумҳури Қирғизистон ба ҷойгоҳи мумтози Тоҷикистон дар равобити хориҷии Қирғизистон ишора ва таъкид кард,ки кишвараш хостори тавсиъа ва тақвияти бештари муносибот дар ҳама арсаҳо бо Тоҷикистон аст.

 Соронбой Ҷеенбеков ҳамчунин натоиҷи сафари худ ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти олии Тоҷикистонро самарбахшу муфид арзёбӣ ва натиҷаҳои онро барои миллат ва давлати худ муҳим унвон кард.

 Раиси парлумони Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт: Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва ноустувори вазъи байналмиллалӣ масоили тақвият ва тавсиъаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисоди кишварҳо аз мавзӯъоти муҳимми ҳар ду тараф ба шумор меравад.

 Шукурҷон Зуҳуров бо муҳим хондани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба вежа дар даврони кунунии буҳрони иқтисодӣ тасреҳ кард: Муносиботи байнипарлумонӣ аз ҷанбаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба бо Қирғизистон аст.

 

 Дар дидори Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон бо раисҷумҳури Қирғизистон ҳам дар мавриди густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорат, энержӣ, ҳамлу нақл, илм ва фарҳанг баҳсу гуфтугӯ шуд.

 

 Раисҷумҳури Қирғизистон зуҳри дирӯз дар қолаби як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва дар нахустин барномаи кории худ бо Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар паи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳашт санади ҳамкорӣ миёни ду тараф ба имзо расид.