Август 25, 2016 09:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти Ҷамшед Ёров вакили мудофеи Муҳаммадалӣ Ҳаит

Ҷамшед Ёров, бародари кӯчаки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳаммадалии Ҳаит, муовини ба зиндони абад маҳкум шудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон низ боздошт шуд.

Ба гузориши сойти "tojnews", иттиҳоми Ҷамшед Ёров,"фош кардани сири парвандаи махфии наҳзатиҳо" унвон шудааст.

Пас аз интишори нусхаи аксбардорӣ шудаи беш аз 90 сафҳаии иттиҳоми 13 узви маҳкум шудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сойтҳои марбут ба мухолифони сиёсии ин кишвар дар хориҷ, ахиран мақомоти қазоии ин кишвар, иқдом ба боздошти ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит карданд, ки пас аз ин моҷаро Ҷамшед Ёров- вакили мудофеи оқои Ҳаит низ боздошт шуд.

Ин дар ҳоле аст, Бузургмеҳр Ёров авохири моҳи сентябри соли 2015 ва пас аз он ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис кард, ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ аз суи Вазорати дохилии Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд.

Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ борҳо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёров ва ду вакили мудофеи дигари боздоштшудаи аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро озод кунад.

 

Барчасп