Як мақоми тоҷик: Иддаои султаи Чин бар Тоҷикистон беасос аст
Муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо радди иддаои бархе расонаҳо дар бораи султаи иқтисодии Чин бар Тоҷикистон, ин навъи нигаришро беасос унвон кард.
Ба гузориши “Спутник”, Сайфуллоҳ Сафаров гуфтааст, тарҳи иддаои султаи иқтисодии Чин бар Тоҷикистон бештар фазосозии расонаӣ аст ва ҳеҷ далел ва асосе надорад.
Вай муътақид аст, асли ин иддаоҳо ба саҳми молии Чин ва Тоҷикистон дар бахши маодин ва филизот ва ба вижа истихроҷи тилло аз сӯйи ширкатҳои чинӣ бармегардад, ки бидуни эътои имтиёз ба тарафҳои хориҷӣ ҷазби сармояи онон дар ин маврид ғайримумкин аст.
Қаблан Тоҷикистон ба ширкатҳое аз кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Фаронса тарҳҳои истихроҷи тилои худро ироа кард, ки ҳеҷ як аз ин кишварҳо шароити Душанберо напазируфтанд ва танҳо ширкатҳои чинӣ ҳозир шуданд истихроҷи тилло аз маодини Тоҷикистонро ба таври муштарак ба ӯҳда бигиранд.
Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои чинӣ бо хариди заминҳое дар ҷануби Тоҷикистон ба тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ низ машғул ҳастанд.
Бархе аз коршиносон бо ишора ба афзоиши теъдоди коргарони чинӣ дар бахши маодин ва филизоти Тоҷикистон муътақиданд, Пекин бо ихтисоси вомҳои молии зиёд ба ин кишвар, дар садади густариши нуфузи иқтисодӣ ва вобаста кардани Душанбе ба худ аст.