Дастури шаҳрдори Душанбе дар бораи риояи Қонуни забони давлатӣ
(last modified Sat, 03 Feb 2018 14:11:51 GMT )
Феврал 03, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Дастури шаҳрдори Душанбе дар бораи риояи Қонуни забони давлатӣ

Рустами Эмомалӣ иҷрои Қонуни забони давлатиро дар пойтахти Тоҷикистон ҳатмӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба манзури иҷрои ин ҳукм комиссияи вежае таъсис шудааст, ки раёсати онро Мавсум Муинӣ, муовини шаҳрдор бар ӯҳда дорад.

 Қонуни забон дар Тоҷикистон аз нахустин қонунҳои истиқлолталбонаи ин кишвар дар даврони Шуравии собиқ буд, ки забони форси-тоҷикиро ба унвони забони расмии давлатӣ муқаррар карда буд. Ин қонун баъдҳо ду бор дастхуши тағйир шуд.

 Бар пояи ин қонун тамоми идораҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ муваззафанд дар коргузории расмии худ аз забони тоҷикӣ ба унвони забони расмӣ истифода кунанд.

 Дар ҳоли ҳозир дар сурати риоя накардани Қонуни забони давлатӣ ҷаримаҳои молӣ ба маблағи аз 750 то 2000 сомонӣ муодили 113 то 266 доллар пешбинӣ шудааст.