Феврал 04, 2018 11:29 Asia/Dushanbe
  • Манофеи Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Евразия

Ҳамоҳангсози барномаи “АвруОсиёи Бузург” дар Маскав мӯътақид аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия барои ин кишвар манофеи зиёде дорад ва Душанбе, бояд миёни вобастагӣ ба Чин ва ҳамгароии минтақаӣ, якеро интихоб намояд.

Ба гузориши “Спутник”, Сергей Масаулов гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ба далели вомҳои молии Чин ба Тоҷикистон, амалан ин кишвар ба шиддат вобаста ба Пекин шудааст, ки бояд дар фикри ислоҳи ин раванд бошад. Зеро 50 дарсад аз маҷмӯи сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, саҳми Чин мебошад ва ширкатҳои чинӣ бахши маодин ва фулузоти Тоҷикистонро мудирият мекунанд, ки идомаи ин раванд вобастагии Душанбе ба Пекинро афзоиш хоҳад дод. Ҳатто тарҳи мавсум ба “КАСА1000”, ки бояд барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунад, бо вуҷуди таблиғоти зиёди расонаӣ, чанд соле аст, ки ба таъвиқ меафтад ва таҳаққуқи ин проект ба далели авзои печидаи амниятии Афғонистон дар солҳои наздик, ғайримумкин хоҳад буд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бо омода шудани заминаи азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, ба далели тағйири сиёсатҳои давлати Узбакистон ба раёсати Шавкат Мирзиёев, метованд барқи изофаи тавлидии хешро дар тобистон ба кишварҳои минтақа содир ва дар зимистон аз ин ҷумҳуриҳо барқ дарёфт намояд.

Ҳамоҳангсози барномаи “Евразияи Бузург” таъкид кардааст, ки бо имтиёзоте, ки ба коргарони муҳоҷири тоҷик ба далели пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия эъто хоҳад шуд, ба ҳамроҳи тасҳилоти гумрукӣ ва ҳаракати озодонаи коло ва нерӯи кор дар қаламрави кишварҳои узви ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ, Тоҷикистон манофеи баландмуддати молӣ ва транзитӣ касб хоҳад кард, ки мӯҷиби коҳиш вобастагии Душанбе ба Пекин хоҳад шуд.