Феврал 04, 2018 14:54 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба маҳсулоти содиротии тоҷикон (акс)

Дар остонаи Наврӯз ва оғози сафар ва саёҳат, нигоҳе дорем ба чанд намуна аз маҳсулот содиротӣ ва умдаи Тоҷикистон, ки ҷойгоҳ ва аҳамияти ин маҳсулот ва тавлидотро барои мардуми ин кишвар нишон медиҳад.

Яке аз савғотиҳои маъруфи Тоҷикистон “лимон” аст.

Ин меваи бисёр хуштаъм дар бахше аз манотиқи ҷанубии Тоҷикистон парвариш меёбад ва тоҷикҳо ба он ифтихор мекунанд.

Тоҷикистон яке аз се содиркунандаи бузурги зардолуи хушк ба бозори Русия аст, ки дар канори лимон, маҳсули муҳимме барои тоҷикон аст ва бо он маҳсулоти мухталифе, монанди шаклот ҳам тавлид мекунанд.

Ширкати маъруфи тоҷикии «Ширин», яке аз барҷастатарин корхонаҷот дар Тоҷикистон, чунин шаклотеро тавлид мекунад.

Яке дигар аз маҳсулоти тавлидии кишвари Тоҷикистон, оби маъданӣ аст, ки илова бар таъми хуб, дорои кайфияти органикии болое низ ҳаст.

Ба таври мисол, як навъи об маъдании мавсум ба «Оби Зулол» , ки дар шимоли Тоҷикистон тавлид мешавад, дар авоили соли 2000 мавриди истифодаи неруҳои ҳофизи сулҳи НАТО дар Афғонистон буд.

Ин об қабл аз ворид шудан ба феҳристи хӯроки сарбозони ғарбӣ, мароҳили зиёде аз контрол ва озмоишро тай кард, то дар натиҷа НАТО аз он, розӣ шуд.

Ҷӯробҳои пашмии тавлидии Тоҷикистон баланд, хеле гарм, рангоранг ва ҷаззоб ҳастанд.

Хонумҳои сокин дар манотиқи кӯҳистонии Помир, ин ҷӯробҳоро аз пашми барра ва бӯз дуруст карда ва дар онҳо аз символҳои ориёии куҳан, улгуҳои ҳайвонӣ ва гиёҳӣ истифода мекунанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон навъи мунҳасир ба фарде, аз ин ҷӯроб‎ҳоро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии ин кишвар изофа кардааст.

Муаррифии ин тавлидот ва маҳсулот дар сойти «Осиёи Марказӣ», таҳти унвони матлабе, ки ба муаррифӣ ва рутбабандии маҳсулоти муҳимми кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохта, ҳам омадааст.