Тоҷикистон кошти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳад
(last modified Mon, 05 Feb 2018 12:00:24 GMT )
Феврал 05, 2018 17:00 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон кошти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳад

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши арозии кошти маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар дар соли 2018 хабар дод.

Ба нақл аз Форс, кошти ғаллот дар баҳор дар масоҳати 145 ҳазору 34 гектар ва дар тирамоҳ дар масоҳати 104 ҳазору 908 гектар пешбинӣ шудааст .

Пешбинӣ мешавад, ки масоҳати арозӣ барои кошти донаҳои равғанӣ то 46 ҳазору 73 гектар афзоиш ёбад, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2017, 22 ҳазору 84 гектар бештар аст .

Кошти картошка дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ қарор аст, дар масоҳати 33 ҳазор 490 гектар сурат гирад, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 10 ҳазору 760 гектар бештар аст .

Вазорат илова бар ин тасмим дорад, сабзавоти тозаро дар масоҳати 50 ҳазору 882 гектар замин кошт кунад .

Таи муддати мушобеҳи соли гузашта, дар кишвар як миллиону 447 ҳазору 680 тонна ғаллот, 386 ҳазору 508 тонна пахта, 782 ҳазору 892 тонна картошка, як миллиону 859 ҳазору 73 тонна сабзавот, 405 ҳазору 38 тонна мева ва 228.3 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст .

Ин миқдор дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2016, байни як то 35.8 дарсад бештар аст .