Бонувони Донишкадаи исломӣ мураввиҷони ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i29577-Бонувони_Донишкадаи_исломӣ_мураввиҷони_ҳунарҳои_мардумии_Тоҷикистон
Духтарон ва бонувони донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба фарогирӣ ва тарвиҷи ҳунарҳои мардумӣ ва саноеи дастии Тоҷикистон мепардозанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Бонувони Донишкадаи исломӣ мураввиҷони ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон

Духтарон ва бонувони донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба фарогирӣ ва тарвиҷи ҳунарҳои мардумӣ ва саноеи дастии Тоҷикистон мепардозанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин хабарро Тоҷиддин Асомиддинзода, раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе эълом кардааст.

Ба гуфтаи Асомиддинзода қарор аст ба зудӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти худро оғоз кунад, ки дар он донишҷӯён ва кормандони ин донишкада, аз ҷумла бонувон ба омӯзишу касби таҷриба мепардозанд.

Тибқи барнома, ҳунарҷӯён дар маркази зикршуда дар риштаҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ошпазӣ дониши тахассусӣ ва маҳорат касб мекунанд.

Ин барнома дар чорчӯби эъломи соли 2018 ба унвони Соли гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иҷро хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 300 нафар аз бонувон дар Донишкадаи улуми исломии Тоҷикистон машғули таҳсил ҳастанд.