Феврал 07, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт соли зиндон барои як ҳомии ДИИШ дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, додгоҳ ин ҳукмро барои С. Пиров, сокини Душанбе, ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва рафтан ба Сурия содир кард.

Бинобар гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон, ин фард дар соли 2017 ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир аз тариқи интернет бо фарде аз ҷумҳурии Доғистони Русия ба исми Абуабдуллоҳ, аз мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ошно мешавад ва таҳти таблиғоти вай қарор мегирад.

Ин мубаллиғи гурӯҳи ДИИШ пас аз муддате аз С. Пиров дархост мекунад, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайвандад ва аз тариқи Туркия вориди Сурия шавад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар таърихи 16-уми марти соли 2017 аз Маскав ба Истанбули Туркия парвоз мекунад ва мавриди истиқболи теъдоде аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ қарор мегирад. Аммо ҳангоми убур аз марзи Туркия ба Сурия аз сӯйи нерӯҳои амниятии Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Мақомҳои Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, як ҳазору 144 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар узвияти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ шиносоӣ шудаанд, ки 300 тан аз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.