Феврал 07, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Боздошти узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Туркия

Нӯъмонҷон Шарипов, яке аз фаъолони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шоми 4 феврал дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудааст.

Ба иттилои Ахбор, Нӯъмонҷон Шарипов, зодаи Ворух ва собиқ роҳбари комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд, солҳои охир дар Истамбул як чойхонаи тоҷикиро мечархонд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Нӯъмонҷон Шарипов дар назди чойхонааш дар маркази Истамбул аз ҷониби пулис дастгир шудааст.

Вакили дифои Нӯъмонҷон Шарипов гуфтааст, ки қазияи ӯ комилан сиёсӣ буда, Шариповро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, қабл аз боздошташ як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо Нӯъмонҷон Шарипов вориди музокира шуда, ба вай пешниҳод додааст, ки бидуни ягон тарсу андеша ба Ватан баргардад.

Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони он дар Тоҷикистон боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Садҳо нафари дигар аз тарси таъқиб тарки Тоҷикистон карда, қисме ба Русия, қисме ба Туркия ва як қисми дигар ба Аврупо паноҳ оварданд.