Феврал 08, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикони марзнишин муштариёни хадамоти телефони ҳамроҳи ширкатҳои қирғизӣ

10 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи ҳаммарз бо Қирғизистон дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз хадамоти арзони қимати ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ ва интернети пурсуръати қирғизӣ истифода мекунанд.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, ба иллати арзон будани қимати хадамоти телефони ҳамроҳ ва интернети пурсуръати ширкатҳои қирғизистонӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, ба теъдоди муштариёни тоҷики ин ширкатҳо афзуда мешавад.

Жумгал Омурканов, мудири ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи мавсум ба “MegaCom”-и Қирғизистон гуфтааст, ба иллати арзон будани қимат ҳар дақиқаи муколимоти телефонӣ ва иртиботи интернет бо суръати боло ва дастрасӣ ба амвоҷи ин ширкат, сокинони манотиқи ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон ба муштариёни онон табдил шудаанд.

Қимати як гигабайт хадамоти интернети пурсуръат дар Қирғизистон шаш сом, муодили 82 дирами тоҷикӣ аст, ки камтар аз як сомонӣ - воҳиди пули миллии Тоҷикистон аст.

Дар ҳоле ки қимати ду гигабайт интернет бо суръати пойин дар Тоҷикистон байни 30 то 32 сомонӣ муҳосиба мешавад.

Аммо Ғафур Иркаев, мудири Анҷумани ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон бо таъйиди арзон будани хадамоти телефони ҳамроҳ ва интернети пурсуръати қирғизистонӣ, иллати гарон будани қимати ин хадамот дар кишварашро дастуроти Хадамоти давлатии алоқаи кишвараш медонад.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон тайи солҳои ахир танҳо дар фикри афзоиши қимати муколимот ва инҳисорӣ кардани хадамоти интернет аст.