Феврал 08, 2018 11:42 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Парлумони Тоҷикистон бо муофияти дусолаи бахши хусусӣ аз санҷиш

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи озод кардани дусолаи бахши хусусӣ аз санҷишу тафтиши ниҳодҳои назоратиро тасвиб кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, акнун фаъолони бахши хусусӣ, ки ба тавлиди маҳсулот машғуланд, ба муддати ду сол аз санҷиши ниҳодҳои назоратӣ ба истиснои чанд идора, муоф мешаванд.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар таъкид кардааст, дар рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ин фармонро имзо карда буд.

Вай таъкид кардааст, бо тасвиби ин қонун феҳристи ширкатҳо ва корхонаҳои тавлидиро барои муофияти дусола аз санҷиш таҳия хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Парлумони ин кишвар дар моҳи декабри соли 2017 пешниҳод кард, барои осонсозии фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар, ба муддати ду сол муофият аз санҷиши ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ эълом шавад.

Бо ин ҳол, Додситонии кул, Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, Палатаи ҳисоб ва Кумитаи андози Тоҷикистон аз ин қонун мустасно ҳастанд ва бидуни ҳеҷ маҳдудияте ба санҷиш аз бахши хусусӣ идома хоҳанд дод.

Қаблан 78 ниҳоди давлатӣ фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро назорату санҷиш мекарданд, ки бо эътирози шадиди фаъолони ин бахш рӯбарӯ шуд.