Август 25, 2016 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб дар Тоҷикистон

Роҳи оҳани саросарии Тоҷикистон дар бахши марзҳои ҷанубии ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе, 24 август ба баҳрабардорӣ расид.

Рӯзи чаҳоршанбе роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа - Кӯлоб бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шуарои саршиноси тоҷик ба баҳрабардорӣ расид. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа - Кӯлобро барои мардуми тоҷик, ба вижа сокинони вилояти Хатлон рӯйдоди таърихӣ хонд. Ба гуфта вай, дар остонаи баргузории маросими гиромидошти биступанҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, яке аз тарҳҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Коршиносон баҳрабардорӣ аз масири роҳи оҳани дохилии Тоҷикистонро барои мардуми ин кишвар, ба вижа сокинони манотиқи ҷануб дорои аҳамият қаламдод мекунанд. Вилояти Хатлон як устони ҷанубии Тоҷикистон аст, ки аз соли 2011 мелодӣ ба далели бурузи ихтилоф бо Узбакистон, дар инзиво қарор гирифт. Бар асоси стандартҳои даврони низоми мутамаркизи Шӯравӣ ва пеш аз истиқлоли ду кишвар, мардуми Тоҷикистон барои сафар аз як шаҳри марзӣ ба шаҳри марзии дигар, бояд аз хоки Узбакистон убур мекарданд. Пас аз истиқлол ду кишвари ҳамсоя дар соли 1991 мелодӣ, ин раванд бо мушкилот мувоҷеҳ шуд. Давлати Узбакистон аз соли 2011 мелодӣ бахше аз масири роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг - Тирмиз тахриб кард. Бо ин иқдом, манотиқи ҷанубии Тоҷикистон, аз ҷумла устони Хатлон бо мушкилоти ҳамлу нақли коло мувоҷеҳ шуд. Дар пайи ин иқдом, давлати Тоҷикистон аз соли 2012 сохти масири ҷадиди роҳи оҳан дар манотиқи ҷанубии ин кишварро дар дастури кор қарор дод. Ҳадафи давлати Душанбе, иттисоли роҳи оҳан аз пойтахт ба самти Қурғонтеппа ва Кӯлоб буд то иртиботи мардуми устонҳои ҷануби Тоҷикистон бо пойтахт барқарор шавад.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, бо ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа - Кӯлоб, ин имкон фароҳам шудааст, ки колоҳо ба сурати муназзам аз устони Хатлон, ки аз манотиқи аслии тавлиди маводи кишоварзӣ аст, ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ирсол шавад. Ба ҳамин далел, ин масир аз аҳамияти иқтисодии бисёре бархурдор аст ва бо эҳдоси он, устони Хатлони Тоҷикистон аз бунбасти иртиботии Узбакистон раҳо шудааст.

Дар ин замина, коршиносони иқтисодии тоҷик баровард кардаанд, ки даромади солонаи масири иртиботии Душанбе - Қурғонтеппа - Кӯлоб ба 46 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 8 миллион доллар) мерасад ва тайи даҳ сол ҳамаи хароҷоти сохти ин масир бароварда хоҳад шуд. Илова бар ин, мақомҳои давлати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки масири ҷадид устони Хатлонро аз муҳосираи иртиботӣ ва иқтисодии Узбакистон наҷот хоҳад дод.

Тайи панҷ соли ахир иқдоми давлати Узбакистон дар тахриби роҳи оҳани марзӣ бо Тоҷикистон, ба мушкил дар равобити ду кишвари ҳамсоя табдил шуда ва ду тарафро то остонаи даргириҳои марзӣ пеш бурда буд. Бо эҳдоси масири роҳи оҳани дохилии Тоҷикистон дар масири манотиқи ҷанубии ин кишвар, интизор меравад бисёре аз мушкилоти мардуми устони Хатлон ва ҳамчунин мушкилоти марзии Тоҷикистон ва Узбакистон поён ёбад.