Феврал 12, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо давлат ва миллати Русия

Дар пайи суқути ҳавопаймои мусофирбарии русӣ, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳур ва мардуми Русия ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии раисҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли нома ба Владимир Путин, ҷон бохтани даҳҳо тан аз шаҳрвандони Русияро дар пайи суқути ҳавопаймои “АН – 148”-и Русия дар вилояти Маскав ба ӯ ва мардуми Русия таслият гуфт.

Раҳмон дар ин паём таъкид кардааст, ки дар ғами миллату давлати Русия шарик аст.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон бо наздикону пайвандони ҷонбохтагон самимона ҳамдардии хешро изҳор доштааст.

Рӯзи якшанбе дар суқути ҳавопаймои “АН – 148”-и Русия дар вилояти Маскав 71 нафар ҷон бохтанд.