Афзоиши теъдоди заҳролудшудагон дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Feb 2018 06:18:33 GMT )
Феврал 13, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди заҳролудшудагон дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Мақомоти тандурустии вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди заҳролудшудагон бар асари масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогини гелиотроп дар ноҳияи Ишкошим хабар доданд.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, хонум Насригул Некӯшоева, мудири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки акнун теъдоди афроди масмум аз масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогин дар ноҳияи Ишкошим ба 39 нафар расидааст.

Қаблан мақомоти вилояти Бадахшон теъдоди афроди бистаришударо 19 нафар эълом кардаву гуфта буданд, ки як писари 11 сола ҷони худро аз даст додааст.

Акнун гурӯҳе аз мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ба дармони маризон пардохтаанд ва аз мардум хоста шуда, ки аз масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогин, ки аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ворид шудааст, худдорӣ кунанд.

Мақомоти вилояти Бадахшон далели паҳн шудани маризии ҷигарро ворид кардани панҷ тон гандум аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ба ноҳияи Ишкошим тавассути яке аз тоҷирони маҳаллӣ эълом кардаанд.

Гуфта мешавад, ки мардум ду тон аз ин орди гандумро масраф кардаанд.

Камиссиюни вижаи пизишкӣ эълом кардааст, ки имкон дорад аломатҳои бемории варами ҷигар дар теъдоди дигаре аз сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон, ки дар моҳҳои январу феврали имсол аз ин орд масраф карда бошанд, ду моҳи баъд бурӯз кунад.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 1992 низ маризии мушобеҳе дар ҷануби кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор мушоҳида шуда буд, ки дар пайи варами ҷигари ҳашт ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа, беш аз 500 тани аз ин афрод ҷони худро аз даст доданд.