Ҳадафҳо аз таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик
(last modified 2018-02-13T07:21:26+00:00 )
Феврал 13, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафҳо аз таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик

Як гурӯҳ равшанфикрони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, аз таъсиси созмоне ҷадид бо номи Анҷумани озодандешони тоҷик хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин баёния дар бораи таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Вена қабул ва дар сомонаи ин созмони тозатаъсис нашр шудааст.

Аммо гуфта мешавад, ки тасмим барои таъсиси чунин созмоне дар нахустин анҷумани муассисонаш ҳанӯз моҳи ноябри соли 2015 гирифта шуда буд.

Зери баёнияи таъсиси Анҷумани озодандешон тоҷик Алим Шерзамонов ба унвони масъули раёсати иҷроӣ ва сухангӯи анҷуман ҳамчунин Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Рабимпур ва Айюб Эгамов имзо гузоштаанд.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки ҷамъе аз фаъолони тоҷик “бо дарки буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, фасоди густардаи идорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ, ки бар фазои ҷомеа соя афкандаву боиси эҷоди хушунату бадбинӣ дар тамоми сатҳҳо ‌гардида, якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлат‌дории Тоҷикистон ва суботи минтақаро таҳдид мекунад”, ба таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷикиқдом кардаанд.

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҳамаи тоҷикону тоҷикистонён сарфи назар аз миллият, ақидаҳои сиёсиву мазҳабӣ ва мансабҳои ҳизбиашон метавонанд ба Анҷумани озодандешони тоҷик бипайванданд.

Ниҳодина кардани фарҳанги демократия дар ҷомеа, бозёбии шахсияти миллӣ, маҳви падидаҳои маҳалгароӣ ва миллат‌гароӣ, тавваҷуҳ ба маорифу омӯзишу парвариш, ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикону тоҷикистониён дар ҳар ҷои дунё ва ҷилавгирӣ аз ривоҷи тафаккуроти ифротгароёнаи диниву дунявӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои таъсиси ин анҷуман эълом шудааст.

Таъсиси Анҷумани азодандешони тоҷик дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон чанд моҳ аст, ки барои таъсиси як эътилофи ҷадиди мухолифон дар талошанд, аммо то кунун натиҷае ба даст наомадааст.