Феврал 14, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи марказҳои мубодилаи арзҳои хориҷӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон

Мудири намояндагии Бонки Миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ифтитоҳи марказҳои мубодилаи арзҳои хориҷӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, Наврӯз Валиев гуфтааст, ба далели набуди марокизи мубодилаи арзҳои хориҷӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон бозаргонони се кишвар ва гардишгарони хориҷӣ бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мешаванд, ки ба зудӣ ин монеъ бардошта хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ба иллати мамнуъ будани фаъолияти саррофиҳо дар Тоҷикистон, мубодилаи пулҳои миллии ин се кишвари ҳамсоя ба арзҳои хориҷиро марокизи молии вобаста ба бонкҳои Тоҷикистон бар дӯш хоҳанд гирифт.

Бозаргонони Ӯзбакистону Қирғизистон ва гардишгарони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба дохили хоки Тоҷикистон ва дар замони истифода аз хадамоте монанди таксӣ ё истифода аз ресторан, бо мушкили надоштани сомонӣ ва набуди саррофиҳову марокизи мубодилаи арзҳои хориҷӣ мувоҷеҳ мешаванд.

Ин омил муҷиби равнақи бозори сиёҳ ё ҳамон муомилоти ғайриқонунии арз мешавад, ки рӯйи қиматҳо низ бетаъсир нест.

Аз сӯйи дигар, дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дар рӯзҳои шанбеву якшанбе тамоми марокизи расмии мубодилаи арзҳои хориҷӣ таътил аст, ки ин ба мушкилоти бозаргонону гардишгарони хориҷӣ меафзояд.

Аз ин рӯ, Наврӯз Валиев муътақид аст, бояд дар шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои марзӣ бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон марокизи молии шабонарӯзии вобаста ба бонкҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шавад.

Аз соли 2015 ба манзури ҳифзи арзиши сомонӣ (воҳиди пули миллии Тоҷикистон) дар ин кишвар фаъолияти саррофиҳо мамнуъ шудаву марокизи молии вобаста ба бонкҳои давлатӣ ва тиҷорӣ кори мубодилоти арзро анҷом медиҳанд.