Феврал 14, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Шурои уламои Тоҷикистон: Анҷумани озодандешони тоҷик шубҳанок аст

Шурои уламои Тоҷикистон дар баёнияе бо ибрози нигаронӣ аз таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик онро созмоне шубҳанок хондааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Шурои уламои Тоҷикистон рӯзи гузашта бо интишори баёнияе таъсиси ин созмони навро маҳкум ва эълом кардааст: Ташкили ин созмон дар хориҷ аз кишвар ба суди  ҳеҷ кас нест.

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст: Шурои уламои Тоҷикистон вуҷуди чунин ниҳоде, ки зери баёнияи онро гуруҳе шахсиятҳои дар зоҳир равшанфикр, аммо дар асл  дорои афкори мухолифи манофеи Тоҷикистон имзо кардаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад.

Дар баёнияи Шурои уламо, ки дар сомонаи расмии Кумитаи дин мунташир шуда омадааст: Ҳувияти масъулони Анҷумани озодандешон барои ҳамаи мардуми ҷомеа ошкор шудааст.

Ба гуфтаи ин шуро масъулони ин анҷуман касоне ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ аз пешрафт ва тарақии Тоҷикистон қаноатманд набуда ва намешаванд.

Ба вижа аз ин афрод метавон ба Сайидюнуси Истаравшанӣ ишора кард, ки мудом ба давлат ва миллати Тоҷикистон туҳмат ва буҳтон мезанад.

Ба ақидаи руҳониёни тоҷик аз аҳдоф ва вазоифи масъулони ин анҷуман чунин тасаввур мешавад, ки гуё Тоҷикистон ба туфони азиме гирифтор шудааст ва маҳз чунин шахсон метавонанд онро наҷот диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди аъзои раёсати Шурои уламо дар ҳоли ҳозир ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хуб дорад ва барои тавсеъа ва ободонии кишвар талош мешавад.

Аз ҳама муҳим мардуми кишвар дар оромиш ва рифоҳ ҳастанд ва сулҳу ваҳдат дар кишвар ҳукмфармост.

Дар поёни ин баёния бо эътироф ба ин масъала, ки дар Тоҷикистон низ на ҳама мушкилот ҳал шудаанд, аммо ба ақидаи раёсати Шурои уламо ин амр ба ин маънӣ нест, ки барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ анҷуман ва созмонҳое дар хориҷ аз кишвар таъсис шавад ва масоили дохилиро бояд дар дохили кишвар ва бо истифода аз роҳҳои қонунӣ ва низ бо машварат ва дар назар гирифтани маслиҳат ҳал кард.

Рӯзи дувоздаҳуми феврал як гуруҳи зиёини тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд дар шаҳри Вена пойтахти Австрия созмони навро бо номи Анҷумани озодандешони тоҷик таъсис кардаанд.

Зери баёнияи таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷикро Алим Шерзамонов ба унвони масъули Раёсати иҷроия ва сухангӯи Анҷуман, ҳамчунин Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов имзо гузоштаанд.