Феврал 15, 2018 10:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 500 мавриди худкушии занон дар Тоҷикистон дар соли 2017

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон аз 497 мавриди худкушии занон дар соли 2017 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сайти Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, хонум Идигул Қосимзода ин матлабро дар нишасти хабарии масъулони ин ниҳод дар шаҳри Душанбе эълом кардааст.

Вай иллатҳои даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистонро надоштани дониши кофии онон, хушунат дар хонаводаҳо, мушкилоти иқтисодӣ ва бидуни сарнавишт раҳо шудани бархе хонаводаҳо аз сӯйи ҷавононе, ки ба Русия рафтаву дигар ёде аз наздикони хеш намекунанд, медонад.

Аз дидгоҳи раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, бисёре аз занони тоҷик ба далели баҳраманд набудан аз дониши рӯз аз тавоноии мушорикат дар фаъолиятҳои бахши хусусӣ, дарёфти қарз аз бонкҳо ва машғул шудан ба тиҷорати хурд бархурдор нестанд то битавонанд аз ин роҳ ба авзои нобасомони иқтисодии хонаводаҳояшон сару сомон диҳанд.

Ба гуфтаи Идигул Қосимзода дар соли 2017 дар Тоҷикистон ду ҳазору 100 мавриди ҷудоии хонаводаҳо сабт шудааст, ки бояд иллати ин падида мавриди баррасӣ қарор гирад.

Вай ҳамчунин аз он чӣ ки “гароиши занону духтарони тоҷик ба фарҳанги пӯшиши бегона” хонд, ба шиддат интиқод кард. Манзури хонум Қосимзода аз фарҳанги пӯшиши бегона - ҳамон ҳиҷоби исломӣ мебошад.