Феврал 15, 2018 10:52 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз заъфи бахши варзиш дар Тоҷикистон

Раисҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти заифи ниҳодҳои варзишии кишвараш ба шиддат интиқод кард ва бознигарӣ дар таркиб, сохтор ва барномаи фаъолияти федератсиюнҳои варзиширо хостор шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишаст бо кормандони Кумитаи Миллии Олимпӣ ва масъулони бахшҳои мухталифи варзишии ин кишвар дар шаҳри Душанбе гуфт, ки аз 52 федератсиюни варзишӣ танҳо 16 федератсиюн дар Тоҷикистон фаъолияти амалӣ доранд.

Вай гуфт, теъдоде аз федератсиюнҳои варзишӣ дар Тоҷикистон танҳо рӯйи коғаз вуҷуд доранд ва теъдодеро низ гурӯҳҳои хосе аз афрод таъсис кардаву ҳамфикрони худро гирд оваррданд, ки ҳеҷ дастоварди қобили мулоҳизае ҳам надоранд.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон аз ин масъала интиқод кардааст, ки бо вуҷуди афзоиши сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи варзишӣ ва фароҳам сохтани имконот, солҳои тӯлонӣ аст, ки варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ мақомҳои баланд касб накардаанд.

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи ин вазъи ногувор бояд маркази вижаи донишафзоии мураббиёни варзишӣ таъсис ва аз хориҷ низ мутахассисони ҳирфаӣ ҷазб шаванд то битавонанд дар рушди бахшҳои мухталифи варзишии Тоҷикистон таҳаввули асосӣ эҷод кунанд.

Ба далели мушорикат накардани намояндагони бархе аз федератсиюнҳои варзишӣ дар мусобиқоти дохилии кишварӣ аз Кумитаи варзиш ва ҷавонони Тоҷикистон хоста шудааст, ки салоҳияти федератсиюнҳо ва масъулони ин ниҳодҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад.