Феврал 15, 2018 13:20 Asia/Dushanbe
  • Мутобиқ набудани номи ҳазору 500 макон дар Тоҷикистон бо забони давлатӣ

Раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар номи беш аз ҳазору 500 русто, ҷомоат ва рӯдхона мутобиқи меъёрҳои забони давлатӣ нест.

Ба гузориши “Азия плюс”, хонум Гавҳар Шарофзода дар нишасти хабарии масъулони Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар Душанбе гуфтааст, ки кормандони ин кумита дар соли 2017 номи беш аз 10 ҳазор минтақаро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки мушаххас шудааст, номи 836 русто, 58 ҷамоат ва 672 рӯдхона, дарёча, кӯҳ ва чарогоҳ бо меъёрҳои забони давлатӣ дар Тоҷикистон мутобиқат надоранд.

Вай афзуд, ҳамчунин 319 маврид нақзи меъёрҳои забони давлатӣ дар соли 2017 сабт шудаву афроду созмонҳои муқассир ба додгоҳ муаррифӣ шудаанд.

Ба гуфтаи хонум Шарофзода маблағи ҷаримаи ин афрод ва созмонҳо бар асоси ҳукми додгоҳҳо дар соли 2017 ба беш аз 60 ҳазору 700 сомонӣ расидааст.

Раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, дар соли 2017 коршиносони ин идора 90 маврид дархости шаҳрвандонро дар заминаи номгузорӣ ва тағйири номи фарзандонашон мавриди баррасӣ қарор дода, бо 55 маврид мувофиқат ва бо 35 маврид мухолифат кардаанд.