Боздошт ва озодии яке аз мухолифони сиёсии Тоҷикистон дар Полша
Неруи марзбонии Полша яке аз муассисон ва сухангӯи “Анҷумани озодандешони тоҷик”-ро дар фурудгоҳи Варшава боздошт ва пас аз бозҷӯӣ, вайро озод карданд.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, Алим Шерзамонов, раиси пешини ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ва яке аз муассисон ва сухангӯи “Анҷумани озодандешони тоҷик” аст, ки пас аз бозҷӯӣ ва мудохилаи мудофеи ҳуқуқи башар ин кишвар озод шуд.
Вай иллати боздошташро поён ёфтани эътибори шиносномаи шаҳрванди тоҷикистонии худ баён ва аз давлати Полша тақозои паноҳндагӣ кардааст.
Алим Шерзамонов дар соли 2017 барои ширкат дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Полша рафт ва дигар ба Тоҷикистон баранагашт.
Вай донишомӯхтаи риштаи риёзӣ аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аст, ки бо пайвастан ба ҳизби сотсиал-демократи ин кишвар, фаъолиятҳои сиёсии худро оғоз карда ва борҳо барои вуруд ба парлумони ин ҷумҳурӣ, номзади интихобот шудааст.