Август 26, 2016 19:49 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон: Пирӯзии Дилшод Назаров муваффақияти хонаводаи форсизабонон буд

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар паёме ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, касби нишони тиллои Дилшод Назаров, варзишкори тоҷикро дар мусобиқоти Олимпии "РИО-2016" ба давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба гузориш радиои тоҷикӣ, дар паёми Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ба Аҳтам Абдуллоҳзода омадааст: "Пирӯзии фарзанди барӯманди ҷумҳурии Тоҷикистон - оқои Дилшод Назаров дар мусобиқоти партоби гурз (чакуш)-и Олимпии 2016-и Рио ва касби медали тиллои ин варзишро ба ҷаноби олӣ, шахси эшон ва давлату миллати азизи Тоҷикистон табрик мегӯям ва ба ин муваффақият ифтихор мекунам".

Сафири Эрон дар Душанбе гуфт: "Мардуми Эрон низ ин медал ва пирӯзиро бахше аз муваффақиятҳои хонаводаи бузурги форсизабонон медонанд ва бо хурсандии қалбӣ аз ин рӯйдод, ба Дилшод Назаров ва ҳамаи қаҳрамонони ғайратманде, ки дилҳои ду миллати бародар, ҳамзабон ва ҳамкеши Эрон ва Тоҷикистонро шод карданд, ифтихор мекунанд".

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар поён, сарафрозӣ ва пирӯзии фарзандони Тоҷикистонро орзӯи ҳамешагии миллати Эрон донистааст.

 

Барчасп