Феврал 18, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Инҳисорӣ шудани фурӯши хадамоти Интернет дар Тоҷикистон

Фурӯши хадамоти Интернет дар Тоҷикистон дар инҳисори ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” қарор гирифт, ки ба маънеи мамнуияти хариди Интернет аз хориҷ хоҳад буд.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, акнун ширкатҳои мухобиротии фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳи Интернет маҷбӯр мешаванд, ки танҳо аз ширкати давлатии “Тоҷиктелеком”, Интернет харидорӣ кунанд.

Дар ҳоле, ки қаблан тамоми ширкатҳои мухобиротӣ ва фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ ва Интернет ба далели поин будани нархи Интернет бо пардохти ҳазинаи муносиб аз Узбакистон, Қирғизистон ва Чин Интернет харидорӣ мекарданд, ки акнун ин муомила дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст. Мақомоти ширкати давлатии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бар асоси тасмими ҳукумати ин кишвар бино бар таъсиси маркази ягонаи мухобирот, бояд тамоми тамосҳои телефонӣ ва интернетӣ таҳти назорати ин марказ қарор гирад, ки акнун хариди Интернет низ шомили ин барнома мешавад. Зеро ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 ба баҳонаи таъмини амнияти миллии ин кишвар бо ҳазинаи 50 миллион доллар аз ҳисоби буҷа, иқдом ба таъсиси ин марказ кард, ки заминаи контроли ниҳодҳои амниятӣ бар тамоми муколимоти телефонӣ ва интернетиро фароҳам сохт.

Аммо масъулони ширкатҳои фароҳамгари хадамоти Интернет мегӯянд, ки бояд Додситони кулли Тоҷикистон ба шикояти онон дар заминаи ғайриқонуни будани иқдоми ахири ширкати давлатии Хадамоти алоқаи ин кишвар, дар заминаи инҳисорӣ кардани фурӯши Интернет, расидагӣ кунад. Зеро Тоҷикистон узви Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад ва бояд аз инҳисорӣ кардани фурӯши Интерент худдорӣ намояд, ки заминаи рақобатӣ шудани хадамотро аз байн мебарад ва рӯи нархҳо низ таъсир мегузорад.